ХИТОБ БА КАБИРИИ КАСИФУ ИҚБОЛИ БЕИҚБОЛ!

Чоп

ХИТОБ БА КАБИРИИ КАСИФУ ИҚБОЛИ БЕИҚБОЛ!

Имрўзҳо, ки дар сартосари ҷумҳури амон шодиву нишоту тантанаҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, хоби Кабирии касиф ва Иқболи Беиқболро ҳаром намудаааст. Ин ғуломони зархариди беватан ба ҳар гуна ҳазёну сафсафаҳо овораанду мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ баранд.

Мо кормандони Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ба ин ғарибу беватанҳо, ғуломони зархариди дур аз диёр афтода қотеона гуфтанием, ки ба ин ҷаг-ҷаги сагонаи онҳо мардуми фарҳандўсту тамаддунсози Тоҷикистон ҳаргиз бовар нахоҳад кард.

Ин оқипадарон мехоҳанд Ватани азизи моро дубора ноором созанд, лекин мардуми бошарафи мо аз воқеаҳои ахири Авғонистон сабақ гирифта, буҳтону тўҳмат ва дурўғбофии онҳоро кайҳо ошкор кардааст.

Бигузор Шумо беватанон ба нафрату нафрини халқ гирифтор шавед!

Директори Қасри фарҳанги

ноҳияи Шаҳристон Ф. Махкамов