Мо зидди терроризм ҳастем
Дар асри 21 ин зуҳурот ба вабои аср табдил ёфт. Душманони инсоният дар ниқоби дини мубини Ислом ҳар гуна ҳаракатҳои вахширо содир намуда, чӣ қадар инсонҳоро ба дами марг расониданд. Солҳои 2018-2019 дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд бо иштироки намояндагони даҳҳо давлат ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир ва ҷиночтҳои муташаккил” гузаронида шуд. Барои ҳамин кулли шахрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бомаърифат ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравӣ намуда, барои мустаҳкам намудани сулҳ ва осоиштагии Ватанамон мубориза баранд. Барои таълиму тарбияи насли наврас беэътиборӣ накарда, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд. Хонандагон ва ҷавононро ба ҳунаромӯзиву китобхонӣ даъват намоянд.