Экстемизм ва терроризм-душмани миллат

Чоп
Маънои аслии “терроризм” “ба дахшат андохтан”, “тарсондан” мебошад. Экстремизми динӣ фаъолияти ниқобпӯшонаест, ки ба зӯран дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зӯроваронаи ҳокимият фаъолият мебарад. Ин зуҳурот халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзишҳои олии ҳуқуқиву инсонӣ, дар натиҷа барангехтани душманию бадбинӣ нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз барои нигош доштани тинҷию оромии кишвар ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем. Дар байни хонандагон бештар китобхониву ихтирокориро тарғибу ташвиқ намоем. Зеро ҳар як натиҷаи хуби ҷавонон як хишти шоҳбинои миллат аст, ки ободонии кишварамонро мусоидат мекунад. Омӯхтани илмҳои табиӣ ва дақиқ ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ гардонида, онҳоро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб нигоҳ медоранд.

Ҳасанов Азим-омӯзгори фанни физикаи МТМУ №7