Терроризм-вабои инсоният

Чоп
Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Терроризм иҷрои амалҳоест, ки ба амал овардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани амнияти ҷамъият ва тарсондани аҳолӣ истифода мешавад.. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ, Ҳизб-ут-таҳрир”, ҳизбуллоҳ, Алоида”, “Толибон” ва дигарҳо фаъолият доранд. Реша рондани терроризм дар кишвари маҳбубамон барои миллати мо ҳавфи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Мутассифона баъзе одамон дониста-надониста ба ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда истодаанд, ки дар назди Ватан-модар ба гуноҳи азим даст задаанд. Барои ҳамин тамоми омӯзгорони ҷомеа, сокинону маҳалу деҳот ва шаҳру шаҳрак, падару модарони мӯҳтарам ва бобою бибиёни пуртаҷриба барои дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҷавонон кӯшиш ба ҳарҷ диҳанд. Дар дили хонандагон ҳислатҳои инсонӣ, муҳаббат ба Ватан, замин, марз ва бумро бедор намоянд. Дар байни хонандагону калонсолон омӯзиши забонҳои ҳориҷиро ба роҳ монанд. Чунки аз бекорӣ ҳама чиз бармеояд. Аз вақти худ дуруст истифода бурда, ба тарбияи бачагон эътибори бештар диҳем.