П А Ё М И

Чоп

Боиси ифтихор аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон пешрафти илму маориф аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия шароитҳои хуб муҳайё гардида истодааст.

Маҳз ба шарофати Истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия бинои аксар муассисаҳои таълимӣ аз нав бунёд карда шудааст.

Далели ин гуфтаҳо соли 2018 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани бинои интернати наздимактабӣ, соли 2021, яъне 29 июли соли равон ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и деҳаи Ободӣ мебошад.

Инчунин, дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат бинои муассисаи таълимии №13-и деҳаи Истиқлол, муассисаи давлатии Гимназия, муассисаи таълимии №21 дар маркази ноҳия ва дар маҷмуъ дар солҳои охир бунёди муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Истиқлоли Поён, Себзор, Гулистон, Суғдиён, Саробӣ, Ваҳдат, Чашмасор, Бакробод, Бўстон ва муҳайё кардани шароити хуби таълиму тарбия боиси пешрафти соҳаи маориф дар ноҳия гардидааст.

Воқеан, мактаб боргоҳи илму маърифат, махзани донишу хирад ва маркази таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, омўзгорон равшанкунандагони хиради башарият ва афрўзандагони машъали илму дониш мебошанд.

Самараи меҳнати омўзгорон аст, ки сол аз сол савияи дониши толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия баланд гардида, теъдоди зиёди хатмкунандагон бо дониши худ тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шуда истодаанд.

Соли равон 669 нафар хонандагон синфи 11-умро хатм намуда, 442 нафар, аз он ҷумла 14 нафар тавассути квотаи президентӣ, 423 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ва 5 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи мамлакатамон дохил гардиданд, ки нисбати соли гузашта 44 нафар зиёд мебошад.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои нави муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав моро ба сўи мақсад мебарад. Зеро ки пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт аз дастовардҳои мактабу маориф вобаста мебошад.

Боварӣ дорам, ки устодону шогирдон, роҳбарон ва масъулони соҳаи маориф дар асоси талаботи имрўза корро дар соли нави таҳсил бо усулҳои наву муосир ба роҳ монда, дар ташаккули насли даврони истиқлол, тафаккури шахсияти оянда ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд ва сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар мегардонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек Рўзи дониш ва оғози соли таҳсилро ба ҳамаи шумо омўзгорону хонандагон табрик гуфта, ба шумо пеш аз ҳама саломатӣ, барои азхудкунии илму донишҳои замонавӣ азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбӣ таманно дорам.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёб бошед, омўзгорону хонандагони азиз!