Тоҷикон соҳибдавлат боқӣ хоҳанд монд!

Чоп

Тоҷикон соҳибдавлат боқӣ хоҳанд монд! Барои Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо Истиқлол, давлат ва ҳуввияти миллӣ арзише надорад. Онҳо аз кирдорҳои муғризонаи хеш даст накашида, ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардонидаанд.

Имрўз дастовардҳои беназире, ки давлату миллати тоҷик ба даст оварда истодааст, назҳатиёнро бошиддат нороҳату асабонӣ карда истодааст. Аз дурўғу сафсатабозии хеш нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез накарда истодаанд.

Хусусан, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои бемаънии ин гурўҳи хиёнаткор Муҳаммадиқболи Садриддин аз бемаданият, бетарбия ва аз фарҳангу таърихи хеш бехабар будани ў далолат медиҳад. Фикру ақидаҳои бемаънии ў нисбати Сарвари давлат, роҳбарони сохторҳои болоӣ фақат тўҳмат асту халос.

Дасисабозиҳои ў нисбати буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунҳои дигар давлатҳо доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ, андозаҳои нафақаҳои шаҳрвандон беасос мебошад.

Ҳол он ки муҳоҷирони тоҷике, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд, нисбати Ватан-Модари хеш ва Президенти ҷонфидояш норозигӣ баён накардаанд, ин танҳо найрангҳои ташкилкардаи Муҳаммадиқбол мебошад.

Сангпартоиро ба ватане, ки хуни нофат рехтааст, кай бас мекунӣ, эй Муҳаммадиқболи хиёнаткор?!

М.Каримова