Боиси таассуф аст, ки фирефташудагони ниҳодҳои террористиву экстремистӣ асосан ҷавонон мебошанд, ки бештар аз интернет истифода мебаранду ба доми фиреб афтода, ақли худро ба ҳиллаю найранги муғризона ва хоинонаи душмани миллат меафтанд. Имрўз ҷавононро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсаду мароми шахсони ифротгароро ва гурўҳҳои террористиро дарк кунанд ва барои дур шудан аз он кўшиш кунанду ба қадри истиқлолӣ давлатдории миллӣ расида, арзишҳои давлату давлатдориро дарк ва ҳифз намоянд.