Хоинони миллат Ватан надоранд!

Чоп
Инсони ношукр бевиҷдону беимон аст, набояд ба ў эътимод баст!

Тавре аз лавҳаҳои телевизионӣ ва гуфтаҳои ҳамсоягони Муҳаммадиқболи Садриддин Саидҷалол Сиёҳаков, Шаҳло Насруллоева бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин тавонистааст, ки аз тарҷрибаи рўзгор он баҳраеро бигирад, ки барои манфиати шахсияш осеби беборкаш медиҳад. Дини исломро ба худ ниқоб карда, аз пайи шахсони ба дин эътиқоддошта ва пулу нони ҳалолӣ онҳо мешавад. Ҳатто ба ў фарқ надорад, ки тақдири ин шахсон чӣ мешавад. Ин хоини миллат фикр намекунад, ки фарзандони ин шахсони аз роҳ задааш чӣ мехўранду чӣ мепўшанд. Аммо бояд дарк намоянд, ки имрӯз миллати тоҷик шукрона аз Истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ намуда, тинҷиву оромии кишварро мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд. Инчунин ин хоинони миллат бояд бидонанд, ки дигар бо чунин роҳҳо наметавонанд касеро аз Тоҷикистон ба доми худ афтонанд. Зеро мардуми ватандӯсту ватандори кишвар дигар ба макру фиреби онҳо бовар надоранд.

Омўзгори МТМУ №3 Кенҷаев З.