Терроризм ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин зарари молию ҷонию ва маънавӣ меоварад. Он хушунад, нобоварию бадбиниро дар ҷомеа авҷ мебахшад, тухми қудурат мекорад. Терроризм ҳамеша ҳамбаста бо фоҷеа аст.
Дар ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) вазъияти дунёи муосир ноустувор ва пурталотум мебошад. Як қатор равандҳое ҳастанд, ки ҷомеи ҷаҳониро ба ташвиш оварданд. Терроризм ва экстремизм, нашъамандӣ, авҷ гирифтани касалиҳои сирояткунанда, пайвастани одамон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни динӣ, гармшавии иқлими сайёра аз ҷумла ин равандҳои хатарзо мебошанд.
Барои ба мақсадҳои нопок ва манфиатҳои шахсияташон расидан гурўҳҳои террористии тундрав ба ақидаҳои динии одамон таъсири манфӣ расонида, онҳоро бо ҳар тарзу услуб ва вартаҳо мекашанд. Онҳо барои ба боварии одамон сазовор гаштан одатан дини мубини исломро истифода бурда, аз забони ислом ба одамон суханони назарфиребонаи пурщараз мегўянд.
Мо бояд ҳолатҳои пешомадаро воқеъбинона, хуб мушоҳида ва таҳлил намуда, мавқеи созандаи шаҳрвандии худро тақвият бахшем. Оқибатҳои даҳшатовари амалҳои террористиву экстремистии дар гўшаву канорҳои сайёра баамаломадаро ба чашми худ дида, хуб ибрат гирем, ҳушёр бошем, то дар щафлат намонем. Ҳамагуна ҷиноятҳоро дар кадом шакле, ки бошанд, маҳкум намоем
Омўзгори МТМУ №21 М.Турсунова