МОҲИЯТИ ИХВОНИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ

Чоп

Солҳои 1992 – 1997 ҲНИТ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Чунин мисолҳоро метавон давом дод. Вале ҳамаи хиёнатҳои кўчаке буданд, ки дар онҳо теъдоди камтари аъзои ҳизб иштирок мекарданд.

Хиёнати наҳзатиҳо дар таърихи 4-6 сентябри соли 2015 нақшаи тарҳрезишудаи мушаххасе буд, ки бо дасти беруна омода гирифта, бо дасти худиҳо амалӣ мешуд. Дар ин қазия дигар ҷойи пўшида намонд. Дақиқ шуд, ки Назарзода Абдуҳалим маъруф ба лақаби «Ҳоҷӣ Ҳалим» ва гурўҳи террористии ў бевосита аз ҷониби раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ идора ва раҳнамоӣ мешуданд.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти Конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини раиси мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони иттиҳодӣ нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурўҳи ҷинояти иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳодии ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовини раиси ҲНИТ Ҳусайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шуданд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлати ҳуҷуми мусаллаҳона намуда фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки Тоҷикистон мо рўз аз рўз тараққӣ карда истодааст. Ба суханони ғаразонаву бадбинонаи Муҳаммадиқболи Кабирӣ эътиборе надода, баҳри пешбурди кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Мо мехоҳем, ки ҳамеша давлатамон тинҷу ором бошад. Халқи тоҷик хушбахтона зиндагӣ кунанд. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳпмеша парафшон, мардумаш осудаҳолона ва миллаташ дўстиву бародарона умргузаронӣ намоянд.

Омўзгори МТМУ №21 Зайниева З