Дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
Мо сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунидем, томоша кардем ва ба ин хулоса омадем.
Мо шукри замона, шукри тинҷиву осудагӣ, шукри истиқлолият, шукри пешравию шукуфоии Ватани азизамон мекунем.
Ҳамаи ин пешравиҳо, натиҷаи сиёсати дурусти давлату ҳукумати мо алалхусус роҳбари мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мо дар ҳар ҷое, ки бошем бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, бо Ватан, миллат соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоем ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем.
Омўзгори
МТМУ №14 д.Суғдиён З.Шодибекова