Терроризм ва экстремизм – падидаҳои номатлуб

Чоп

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) мефармояд: «Ба қадри ду неъмат қабл аз заволаш бирасед: саломатӣ ва осудагӣ». Яъне, оромии хотири инсон ва амнияти ҷомеаро дар назар доранд, зеро аз байн рафтани амният заволи давлат ва осудагии ҷамъият аст.

Бо вуҷуди он, бо арзи афсўси зиёд, дар шароити муосир баъзе аз минтақаҳои заминро одамон, ки аслан соҳибони ин заминанд, ба ҷойи зулму бедодгарӣ табдил доданд. Ҳамон одаме, ки Худованд ўро дар сурати зебо офарид ва ҷумлаи дигар махлуқотро ба хотири зиндагии шоистаи ў офарид (сураи Тин). Аммо ниҳоди инсонро доим яксон набудааст. Баъзан шахсоне миёни ҷомеаҳо ворид мешаванд, ки дар хўю атвор чун ба Аҳриман монанд ҳастанд. Ҳамин аст, ки ҷаҳони имрўзаро ваҳшати терроризму экстремизм (ифротгароӣ) фаро гирифтааст. Дар солҳои охир ҳодисаҳои ифротгарои ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст. Ва ин омили манфӣ тамоми мардум, мухсусан ҷавононро ба доми худ кашида истодааст. Бояд қайд намудан лозим аст, ки чунин гурўҳҳои ифротгароӣ бо истифода аз бовариҳои динию эътиқодии мардум нақшаю барномаҳои аслан зиддиинсонии худро миёни ҷомеаҳо ташвиқ мекунанд. Аз ин маҳз, баъзе аз нафарони аз дину мазҳаб ва дигар муқаддасот ноогоҳу камогоҳ фирефтаи чунин тарғиботи дурўғин мешавад. Воқеаҳои даҳсолаи охирини ҷаҳон нишон дод, ки ҳеҷ кишваре аз вабои терроризм дар амон нест. Имрўз дар Тоҷикистон ҳам нафароне вуҷуд доранд, ки ба қадри Истиқлолияту ваҳдат нарасида, ба чунин гурўҳҳои ифротӣ шомил мешаванд. Чунин рафтор кўрнамакию носипосӣ ва дур аз маърифату наздик ба ҷаҳолати шахсро нишон медиҳад. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибкорӣ дар байни онҳо ва бунёди ҷойҳои нави корӣ омили муҳими пешгирӣ ба коҳиши ҳамроҳ шудан ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғоз дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти экстремизм ва террорзим қарор дошт.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи худ дарк карданд, ки танҳо давлату давлатдорӣ, пойдори миллӣ, беҳтар шудани некўаҳволии мардум ва раванди бебозгашти ободонӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ унсури зудояндаи ҳамагуна хатару таҳдидҳо шуда метавонад. Аммо фазои амну субот ва шукуфоии бардавомро иродаи қавӣ дар бобати идоракунии мувафақона, тамини волоияти қонун, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт фароҳам овардани муҳити созгори соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум муҳайё месозад.

Мухбири

«Чашмаи Шаҳристон» Наимова Т.