Тинҷӣ ва оромӣ неъмати бебаҳост

Чоп

Мутахассисон омилҳои ба тинҷию осудагӣ халалрасонро ҳар гуна маънидод мекунанд, ки яке аз омилҳои вазнинтарин ин экстремизми динӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад.

Дар вақтҳои охир падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм торафт пурзўр шуда истодааст, ки ин яке аз муаммоҳои муҳими рўзмарра ба ҳисоб меравад.

Вақтҳои охир ба гурўҳҳои ифротгаро шомилшудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсўзи миллату ватан аст. Имрўзҳо гурўҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сўи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд.

Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кўшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурўҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқўъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динӣ дошта, аз ҷумла ниқоби исломӣ дошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, бахусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст.

Дар замони муосир ҷавононро зарур аст, ки якдилиро аз даст надода, бар зидди ҳар гуна ақидаои ифротгароӣ мубориза баранд ва тинљиву осудагии давлату ҷомеаро пойдор намоянд. Дар ҳамин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда таъкид накардаанд, ки «Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд».

Мусаҳҳеҳи

«Чашмаи Шаҳристон» Мамарасулова Б.