П А Ё М И

Чоп

Таҷлили ҷашни фархундаи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан мебошад.

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсият ишора надорад, вале ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад.

Дар таърихи навини давлатдории миллиамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, дар ташкили давлати миллӣ пояи асос гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арбоби барҷастаи сиёсӣ, сиёсатмадори бузург ва шахсияти бузурги таърихии миллат ба ҳисоб рафта, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузоштаанд.

Бо назардошти хизматҳои бузургашон Президенти маҳбуби мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2015 ба мақоми олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор дониста шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки тибқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат обрў ва эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи ҷаҳон баланд гардида истодааст.

Ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 178 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқи чандин созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Чихеле ки ба мо маълум аст яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмин намудани аҳолии кураи замин бо оби тозаи нўшокӣ мебошад.

Ин буд, ки аз тарафи СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» эълон гардидааст.

Амалӣ гардидани ташаббуси чоруми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боиси беҳтар гардидани вазъи таъминоти сокинони сайёра бо оби тозаи нўшокӣ гардида истодааст.

Боиси шукргузорист, ки дар баробари дигар минтақаҳои кишварамон ноҳияи Шаҳристон, ки ҳамқадами Истиқлол мебошад, бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол рў ба тараққӣ ниҳода, нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия баланд гардида истодааст.

Маҳз дар ин давра симои ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта, ба шаҳрак табдил ёфтааст. Бунёди биноҳои хуштарҳу замонавии чандин сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қасри фарҳанг, биноҳои муассисаҳои таълимию тиббӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо ва чароғонкунии кўчаҳо самараи истиқлол ва хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат мебошад.

Имсол, санаи 29 июл сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия доир гардида, чандин иншоотҳои таъиноташ гуногун, аз ҷумла сохтмони хатти оби нўшокӣ, майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар деҳаи Ободӣ, корхонаи саноатии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон» дар деҳаи Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба ин восита дар пешрафту шукуфоии ноҳия қадамҳои устувор гузошта шуд.

Инчунин, дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат дар маркази ноҳия бинои муассисаи давлатии Гимназияи № 1 мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар айни замон сохтмони бинои 4 синфхонаҳои иловагӣ, ошхона дар назди муассисаи таълимии №11-и деҳаи Темурмалик, сохтмони 4 синфхонаҳои иловагӣ ва бинои ёрирасон дар назди муассисаи таълимии №20-и деҳаи Фирдавсӣ ва сохтмони 2 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 17 –и деҳаи Бўстон, сохтмони маркази саломатӣ дар деҳваи Себзор ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Навкент бо маром идома дорад.

Инчунин, бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, сохтмони биноҳои маркази саломатӣ ва таваллудхона дар деҳаи Ободӣ, бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Саробӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар рўзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз мегардад.

Лозим ба зикр аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия 146 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба истифода дода шудааст, ки 106 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бо арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони шарафманди ноҳияро бо таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ ва комёбиву муваффақиятҳо таманно менамоям.

Бигзор, ба бахти мардуми Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошанд!

Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!