НЕСТ БОД ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ!

Чоп

Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиёти экстремистии ба амаломада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.

Экстремизм аз калимаи лотинии «extremus» буда, маънои аслиаш канораҷўй, ифродгароӣ тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зухуроти номатлуб метавнад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Экстремизм ( Ифродгароӣ) аз рўи мазмуни динӣ ва дунявӣ ва аз рўи зуҳурод ҳудуди минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад.

Зуҳуроти ифродгароӣ хеле решадор буда, он ҳеч гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.

Экстрамизм ( Ифродгароӣ) –и дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад. Ифротгароии динӣ бошад, дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва гайра) мавҷуд аст. Вусъати экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад.

Бо ин, ки ба ҳамаи дину мазоҳиби дунё эҳтиром дорем, аммо мусаллам аст, ифтиротгароии динӣ дар ҳеч давру замон натавониста ва имрўз ҳам наметавонад, мардумро ба ҳамбастагӣ, инсондўстӣ мардумписандӣ, тафоҳум ва эҳтироми якдигар расонда, иттиҳоди мардумро ба як шакле таъмин созад. Барои чӣ наметавонад? Чунки ифроти дин ва мазҳаб ҳамеша эътиқоди як гурўҳ аст ва бардошту таҳаммули дигар андешаро аслан надорад. Танҳо фарҳанг метавонад, омили муттаҳидкунанда бошад ва мардумро новобаста аз ақида, андеша, дину мазҳаб ва ҳувияту асолат мепазирад. Агар пояи дин тарс бошад, меъёри фарҳангу дониш ҷуръат ва ҷасорат аст. Дин дар баробари афкори равшангарӣ таҳаммулашро аз даст медиҳад ва барои ҳифзи арзишҳои қудсияш ба ҷангу набарди беамонӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва ифротӣ даст мезанад.

Ҷавонони мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз роҳи интихобнамудаашон гумроҳиро пеши худ намекунанд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки хоиннони миллат чӣ маыаду чи щаразиҳо доранд.

Аз ин рў, мо бо масъулиятшионосии ыавӣ, бо ҷасорат, иродаву шуҷоати ҷавонон арзи боварӣ изҳор намуда, бо як овоз гуфтанием: Нест бод экстромизм ва терроризм!

Омўзгор Қодиров Ҷуманиёз