Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ

Чоп

 

Ҷавонмардони ноҳияи Шаҳристон низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва нангу номуси миллӣ ҳамеша бо бародарони шаҳри Исфара ҳастанд, онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузоранд ва барои ҳимояи марзи Тоҷикистон доимо омодаанд.

Мо, имрўз аз он ифтихор мекунем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як артиши тавоно ва замонавӣ, мактаби махсуси ҳифзи Ватан, мактаби шуҷоат ва қаҳрамониҳо табдил ёфта, он қодир аст, дар ҳама гуна шароит Истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз намояд.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Бо ифтихори баланди миллӣ гуфта метавонем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро роҳу иқболаш дурахшон, ваҳдати миллӣ, иттиҳоду сарҷамъии сокинонаш пояндаву ҷовидон аст.

И.Шоаҳмедов

Навгонихо ( 01.05.2021 08:23 )