Терроризм ва ифротгароӣ

Чоп
Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Дар ҷаҳони имрўза кишваре нест,ки аз таъсири гурўҳҳои терорристӣ дар олам нигарон набошад. Дар натиҷаи амалҳои террористӣ аксаран мардуми бегуноҳ қурбон шуда истодааст. Шахси ватандўст одамонро ҳимоя мекунад, аммо террористон баръакс-онҳо ватандўст нестанд, бо худ силоҳ гардонда, даҳшатафкананд. Дар ин бобат метавонем ягон филми мустанадро ба хонандагон нишон диҳем. Мо ҳаракат кунем, ки ба доми ин гуна шахсон насли наврас наафтанд ва дар ҳимояти қонун будани онҳоро ба онҳо фаҳмонем.

Мо барои мубориза бурдан ба терроризм бояд масъулиятшинос бошем ва мардуми бегуноҳро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ дорем. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок мустаҳкам намоем. Имрўз бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро дуруст фаҳмида бар зидди терроризм мубориза барад ва ватани худро аз ин хел падидаҳои номатлуб ҳимоят кунад.