Миллати тоҷик дар роҳи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, дар роҳи шуълаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имони комил баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар раҳсипор аст.
Ҳар сатр, ҳар нуқтаи Паём, ки паёми миллӣ ба ҳисоб меравад пеш аз ҳама ба ҳифзи сулҳу суббот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он равона гардида, ҳамчун дурнамо фаъолияти минбаъдаи моро муайян, вазифаҳои навбатиро дар пеш гузоштааст. Бояд ҳар як фарди хидогоҳу худшинос ва соҳибмаърифат онро ҳамаҷониба биомўзад, дар кору фаъолияташ, иҷрои вазифаҳои хизматиаш ба он такя намояд.
Паём таҳкимбахши хуррамӣ ва осудаҳолӣ, воситаи хушбахтӣ ва пешрафти илму маданият ва ахлоқу тарбият аст.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ сарчашмаи асосии ҳамаи бурдбориву комёбиҳоро дар тўли таърих ба омўзгорон нисбат доданд.
Чуноне ки дар Паём зикр гардид: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад”, “Бе маориф як қадам пеш рафта наметавонем!”
Аз суханрониҳои Пешвои миллат чунин дарк карда шуд, ки сол аз сол ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, омўзгорон боз ҳам бештар гардида истодааст.