Мо ба фиребгарону хоинон бовар намекунем

Чоп

Аммо мутаассифона, дар байни ҷомеа шахсоне, низ пайдо мешаванд, ки ҳамаи ин тараққиётҳои ҷомеаро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранду аҳли башарро ба хатарҳои даҳшатовар оварда мерасонанд.

Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони ў аз қабили ҳамин гуна афрод мебошанд. Замоне Муҳиддин Кабирӣ дар кишвари тоҷикон зиндагӣ мекарду соҳиби вазифа буд ва нону намаки Тоҷикистонро хўрда, имрўз аз давлатҳои бегона истода ба ҷониби Тоҷикистон санг мепартояд. Аз дину аз Ислом ҳарф мегўяд, аммо худ иҷрои гуфтаҳоро намекунад.

Мо дар фазои тинҷу осуда зиндагонӣ карда истодаем, меҳру муҳаббат барои мо беҳтарин неъмат мебошад. Мо худ имон дорем ва ба гуфтаҳои ҳар гуна шахсони хоину фиребгар бовар намекунем.

Омўзгори синфҳои ибтидоии

МТМУ №2 А.Мансуров