Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21 декабри соли 2021 ироа гардид чунин таъкид намуданд: «Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи кўҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ватани Наврўз, Сада, Тиргон ва Меҳргон мебошад. Ин ҷашнҳо пеш аз ҳама, ҷашнҳои кишоварзӣ, ихтироот, ҳосил ва кашфи оташ мебошад, ки ба шарофати онҳо аҳли башар олотҳои кишоварзиро мукаммалу ҳосили зироатҳоро фаровон гардонидаанд.
Агар мо ба санаҳои таҷлили ин ҷашнҳо эътибор диҳем, давраҳои асосии корҳои саҳроиро ифода менамояд: Сада – омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврўз – киштукори баҳорӣ ва нигоҳубини зироат ва Меҳргон – ғунучини ҳосил, ҷамъбасти натиҷаи ҳама давраҳои фаъолияти корҳои саҳроӣ мебошад.
Сада яке аз ҷашнҳои ниҳоят қадими аҷдодии мо буда, гузаштагони мо ин ҷашнро дар охири моҳи январ ҷашн мегирифтанд. «Сада» вобаста ба рақами сад аст, яъне аз Сада то Наврўз 50 рўз ва 50 шаб дар якҷоягӣ сад ҳисобида шудааст.
Дар бораи пайдоиши ин ҷашн ривояту нақлҳои гуногун мавҷуд аст. Аммо хулосаи аниқ он аст, ки Сада нишон аз меҳрпарварӣ, арҷгузорӣ ва иззат ба гармӣ, нур, меҳр ва рў овардан ба рўшноӣ мебошад.
Иди Сада барои мардуми мо пайғоми аз байн рафтани зимистон, омадани баҳор, гармӣ ва намии хок мебошад. Садаро деҳқонон ҳамчун муҷдаи омад – омади Наврўз дониста, ба баҳор омодагӣ мегиранд.
Яке аз хусусиятҳои ҷашни Сада ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ин иқдоми гузаштагонамон то ҳол амалӣ гардида истодааст. Боварии комил дорам, ки бо мусоид омадани ҳаво сокинони меҳнатдўсти ноҳия ҷиҳати ташкили ҳашар, ободу зебо гардонидани диёри худ ва зиёд намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ саҳми худро мегузоранд.
Ҳамдиёрони азиз !
Бо истифода аз фурсат фарорасии ҷашни бостонию мардумии Садаро ба кулли сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, бароятон дастурхони пур аз нозу неъмат, хайру баракат, хотирҷамъӣ ва дастоварду комёбиҳои беназирро таманно дорам.
Иди Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!