ИФРОТГАРОНИ ДИНӢ – ХАТАР БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Чоп
Неруҳои хоричии муайяни исломӣ мақсад доштнд, ки равияҳои гуногуни исломро дар дар байни аҳоли таблиғ намоянд. Ҳоҷаҳои хориҷӣ, ки дастгирии хуби молиявӣ доштанд, бо таври гуногуни ғайриқонунӣ оиди ҷалби наврасону ҷавонони аҳолӣ ба равияҳои гуногуни исломӣ, мазҳабҳо ва ҷараёнҳои динӣ машғул шуданд. Дар он замон бо сабаби гирифтори бўҳрони амиқи ҳамаҷониба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият ва иқтидори назорати амалҳои ғайриқонунии фаъолони исломиҳоро надошт, ки оқибати он ба сар садани ҷанги дохилӣ (бародаркушӣ) буд.

Ташкилоти терористию экстрамистии Ҳизби Наҳсати Исломӣ, ки дар охири замони Шўравӣ пинҳонӣ фаъолият мебурд, ба амалҳо ва таблиғоти ошкоро дар байни аҳолӣ шурўъ кард. Яъне мо шоҳиди он гардидем, ки чӣ тавр дар як муддати кўтоҳ болоравии диндорӣ ва ба мазҳаби ба тундгароӣ табдил ёфт, ки натиҷааш терроризм ва ҷанги дохилӣ буд.

Марҳилаи дигари болоравии тундгароии динӣ баъд аз барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон шурўъ гардидааст. Тоҷикистон баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ давраи пас аз муноқишавиро аз сар гузаронид, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар ҳолати кашоқӣ қарор гирифтани бештари сокинони кишвар марбут аст. Сатҳи ҷинояткорӣ боло рафта, дар кишвар бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ афзоиш меёфт. Чунин вазъият барои фаолияти неруҳои ифротӣ мусоид аст.

Яке аз омилҳои асоси пайдоиши тундгароӣ таҳсили наврасону ҷавонон дар таълимгоҳҳои ғайрирасмӣ ва пинҳонии динӣ мебошад. Тавассути муллоҳои нохонда гирифтани таълими динии нодуруст, ҷавонон ба осонӣ ба шахси тундгаро мубаддал мегарданд. Дар натиҷаи чунин фаъолият дар кишвар тундгароӣ афзоиш меёбад.

Солҳои охир мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар маҷмўъ, раванди афзоиши тундгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додаст. Аммо ин падидаи хатарнок ҳанўз пурра аз байн бурда нашудааст. Аз ин рў, андешидани тадбирҳои муассир ва ҷалби имконияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароӣ динӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон мебошад.