Мутаассифона, як марди хоин, беномусу бешараф ва ватанфурўш аз марзу буми Тоҷикистон баромада, дар кишварҳои хориҷа аз ҳар гуна минбарҳо баромад карда, нисбати Тоҷикистон суханҳои бардурўғро паҳн намуда, тариқи онлайн мардумро ба митингу инқилоб даъват менамояд, ҳол он ки худ дар хориҷа гуреза шуда, маблағҳои бо фиребу найранг бадастовардааш кайфу сафо дорад. Инчунин, рафтори ношоистаи Кабириро низ таъхир кардан зарур аст, ки як гурўҳи мардуми оддӣ ба гуфтаҳою ваъдаҳои бардурўғ бовар карда, ба хориҷа раҳгум мезананд ва бо роҳи маҷбурӣ ба ҳар гуна ТТЭ ба дом меафтанд.
Яке аз сабабҳои фирефта шудани ҷавонон ва ба доми таълимоту тарғиби ифротӣ афтидани ҷавонон паст будани сатҳи донишашон дар бораи арзишҳои аслии динӣ мебошад. Ояндаи ҳар як миллат ба ворисони он вобастагии қавӣ дорад.
Бинобар ин мо ҷавоноро нагузорем , ки ба ин дом фирефта шаванду ва ба бадномию гуреза шудан дар дигар давлатҳои хориҷа беному нишон ғайб зананд. Ҳамаи моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ин мафкура муборизаро пурзўр намоем.
Омўзгори фанни технологияи иттилоотӣ
МТМУ №2 ба номи Ҳ.Ғайбуллоев Абдуазизов И.