Экстремизм ва терроризм-падидаҳои номатлуби ҷомеа

Чоп
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз омилҳои таҳдидкунанда ба сулҳу субот ва якпорчагии кишвари азизи мо Тоҷикистон ин ҳар гуна гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад, ки новобаста аз муборизаи шадид ва оштинопазирӣ ба ҷамъияти мо таъсири манфии худро расонида истодааст.

Террорист ва экстремист миллат, Ватан, мазҳаб ва ҷинсият надорад. Решаи фаъолияти гурўҳҳои бадкирдори ҲНИ низ ба ҳамин мақсад рафта мерасад. Зеро ин ҳизб аз рўзи таъсисёбиаш то ин дам ягон кори некеро барои мардуми сулҳофари тоҷик накардааст. Боиси ташвиш аст, ки баъзе ҷавонон бо роҳҳои фиребу найранг ба доми ҷанг кашида шуда, беному нишон гаштаанд. Имрўз, ки дари илму маърифат барои тамоми инсоният ва ҷавонон боз шудааст, доимо маърифати худро баланд бардорем ва насли наврасро дар руҳияи ростӣ, покӣ, адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ бо истифода аз мероси маънавии миллатамон тарбия намоем.