КОРРУПСИЯ-МОНЕАИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Чоп

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд, ки «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».

Аз ин рў, пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ мебошад, ки дар доираи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пеш бурда мешавад. Дар ин самт мо бояд аҳли ҷомеаро ҳушдор намоем, ки ба доми шахсони ришваситону порахўру судхўр наафтанд.

Дар замони имрўза яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи мамлакатро муқовимати фаъол бо коррупсия ташкил медиҳад. Дар зиндагии ҳамарўза мушоҳида мешавад, як қисми одамон зиндагии хеле оддӣ доранд ва ҳамеша кўшиш бар он мекунанд, то аз роҳи ҳалолу дуруст ризқу рўзӣ ба даст оваранд. Аммо дар қатори чунин инсонҳо боз нафаронеро ҳам мушоҳида мекунем, ки дорои сарвати зиёданд, аммо ба ин кифоят накарда, даст ба амалҳои коррупсионӣ ва аз худ намудани манбаъҳои давлативу ҷамъиятӣ мезананд. Аз ин рў, тарбияи руҳияи қаноатпешагӣ барои ҷомеаи мо метавон хеле муҳим бошад.

Зеро соҳибқирони шоирон устод Рўдакӣ фармудааст:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

Дар беҳ зи худе, назар макун, щусса махўр,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

Албатта, агар инсон бо роҳи дурусту қонунӣ ва ҳалолу покиза соҳиби дороӣ гардад, боке нест. Вагарна даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мақом барои худ бунёд намудани шароити бодабдаба рўзе ба зиндагии онҳо халал ворид намдуда, боиси парешонхотирии волидону хешу ақрабон хоҳад шуд.

Аз ин рў баҳри ташаккул додани соҳаҳои гуногун ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зисту зиндагонӣ ва фаъолияти босамари аҳолӣ мо ҳама дастаҷамъона паи ислоҳ ва бартараф намуднаи ин камбудиҳои ҷойдошта камар бандем.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита

ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Севара Абдувоҳидова