Экстремизм – (аз калимаи фаронсавӣ «extremism» ва лотинӣ «extremus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифратгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан аст. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри 20-ум ва ибтидои асри 21 шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои ижтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии жаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои жомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои жаҳониро ба ташвиш овардааст.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади жисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии жамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».
Терроризм худ падидаи номатлуби жомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани жиноятҳои вазнин аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати жудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангизиро доро буда, терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибатҳои экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.
Омўзгори МТМУ №13 Қурбонова Гулчеҳра