Терроризим- таҳдид ба ҳаёти осоишта
Мақсади ҳаракати ифротгароӣ бунёди хилофати исломӣ аст. Гурўҳҳои террористӣ аз даҳаштангезтарин ташкилот ба ҳисоб рафта, бо зўрӣ ишғол намудани давлатҳои мусулмоннишин мебошад. Таҷрибаҳои фаъолияти Ҳизби экстеримистиву террористии наҳзади ислом нишон дод, ки бо тафриқандозии хеш мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси ба кишварҳои ҷангзада раҳсипор шудани баъзе аз шаҳрвандон ва ҳатто аъзои оилаи онҳо гардид. Мусаллам аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аввал ҷавонони гумроҳ ва дар чорраҳаи зиндагӣ сарсонро ба доми худ мекашанд ва дар навбати якум кўшиш менамояд, ки симои зоҳирии онҳоро тағйир диҳанд. Баъдан барои вайрон кардани мафкураи ҷавонон ҳаракат менамоянд. Ба доми ин бало асосан бекорон, ҷавонони сатҳи пасти маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динидошта, аз оилаҳои камбизоат ва амсоли инҳо меафтанд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, оила ва дигар шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба он бояд нигоронида шавад, ки дастаҷамъомона пеш аз ҳама, мафкураи ҷавононро солим нигоҳ доранд, то онҳо ақидаҳои бегонаро напазиранд, дар ҳифзи оила ҷомеа ва давлати худ устувор пофишорӣ намоянд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҳонандогони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна, коллеҷҳо айни ҳол хуб ба роҳ монда шуда, мо устодон ҳамеша кўшиш менамоем, ки дар ин кор дастҷамъомона ва махсусан, бо паҳн намудани варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда ва огоҳикунандаи терроризиму экстиремезм натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.
Омўзгори таърих ва ҳуқуқ Холиқулов Ш.