Пресс релиз

Чоп

Мақсади ташкил намудани ҷаласаи мазкур ин пешниҳоди иттилоот ба намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ГК, ташкилотҳои ҷамъияти, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оиди муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Парлумон Назири Гулбаҳор Назир –муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод- узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ иштирок намуданд.

Дар сухани худ Назири Гулбаҳор қайд карданд, ки мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар доираи Барномаи мазкур минбаъд низ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муайянгардидаи кишвар, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул корҳои назарасро иҷро намояд.

Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

Баъд аз он, Муовини якуми раиси ноҳия Ҳабибзода Шуҳрат барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки Барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асоси буда, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии, беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии сокинон, дар ояндаи миёнамуҳлат, нигаронида шудааст.

Дар охири ҷаласа Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ барои кўмаки машваратӣ дар раванди таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳристон барои солҳои 2021-2025 изҳори сипос намуд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии СМР/БМР ва ҲРУ» аз ҷониби Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ карда шуд.