Воҷаи «террор» (лот. Terror – ҳарос, даҳшат) дар забони форси - тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатнокӣ», «даҳшатафканӣ» ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст. Аз рўйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимёвию биологӣ тақсим намудаанд.
Экстремизм бошад, ин пайравиӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан, дар сиёсат), ифротталабӣ мебошад.
Мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рўз дар ҳар гўшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарад. Дар ин замина асноди марбута ба тасвиб расидааст, аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст. Яке аз вазифаҳои марҳилаи аввали татбиқи Стратегияи мазкур муаррифии васеи Стратегия ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба он буда, ҳамзамон бахши махсуси он ба масъалаҳои гендерӣ ва ҷалби занон ба пешгирии экстремизм бахшида шудааст.
Тавре ки болотар ишора кардем, шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Ин ҳолат моро водор мепсозад, ки пайваста хушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ ҳама гуна фишору тааррўз ва террору ифротгароӣ муборизаи беамон бубарем.
Омўзгори МТМУ №13 Я.Раҷабов