“Шикасти фитна” шикасти хоинон буд.
Аз баёнот
ҳои шифоҳии бешармонаву хунсардонаи Улфатхонум Мамадшоева ва персонажҳои филми мазкур маълум шуд, ки дар пушти саркардагону иштирокчиёни бетартибиҳои дар ВМКБ рухдода, афроди хоин ва ҷосусони кадом кишвари бадхоҳ қарор доранду тарроҳу маблағгузори аслии бетартибиҳо мебошанд. Ватанфурӯшон, ки бо роҳбариву нақшакашии Улфатхонум Мамадшоева мехостанд оромиши халқро халалдор созанд, ба мақсади худ ноил нашуданд. Хоинони Ватан бояд хуб донанд, ки мардуми шарифи кишвар хусусан, ҷавонони шуҷоъву бошарафи Ватан баҳри ҳифзи нангу номуси миллат, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва шикасти фитнаи хоинон ба таври ҳамешагӣ омода мебошанд.