«Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини
фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони
онҳо ҳам ба Ватан – Модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон
халқу миллат хиёнат ба Ватан – Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».
Ҳадафи барномаҳои тарҳрезишудаи гурӯҳҳои ифротӣ ин аз байн бурдани давлатҳои мустақил, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат» муаррифӣ мекунанд. Дар харитаи таҳия кардаи онҳою тариқи расонаҳо паҳн кардаашон Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихи мо муқобил буда, нисбат ба низоми давлатиамон нафрати беандоза доранд. Аз ин рӯ ғалабаи онҳо маънои аз байн рафтани давлатҳои мустақил ва нобудии милатҳост! Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шаванд, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолияти зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ бо ифротиён якҷоя меҷанганд, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Яъне, ӯ бар ҳақ хоини Ватан ва хоини миллати худ мешавад!
Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор ҷинояткоранд, аммо аз сабаби дар муқобили Ватану миллати худ қарор гирифтанашон, хоини Ватану миллат маҳсуб мегарданд. Ин аст, ҷавҳари хиёнат ба Ватану миллат дар кирдори ҷинояткоронаи ин гуна шахсон. Аз тарафи шаҳрвандон дарк шудани ин ҷанбаи масъала ва ташаккули муносибати оштинопазири онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ бисёр муҳим мебошад.
Бинобар ин аз ҳар як фарди бо ору номуси кишвар, ҳар нафаре новобаста аз вазифааш даъват ба амал меорем, ки аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мазҳабии худ камари ҳиммат баста, дар муқовимат бо афкору ақидаҳои экстремистию террористии тамоми равияҳои ифротгарои «салафӣ», «наҳзатӣ»-е ки аз ҷониби ташкилотҳо ва давлатҳои алоҳидаи моҷароҷӯӣ пуштбонӣ меёбад, муташаккилона мубориза баранд, зеро бетарафиро наслҳои ояндаи мо ҳеҷ гоҳ намебахшанд.
Мудири бахши кор
бо занон ва оила Бойзоқова З.