Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем!

Чоп

Яке аз гурӯҳҳои фаъоли ҷамъият, ки зуд ба шароитҳои нави ташаккулёбии ҳаёти ҷаҳонишавӣ мутобиқ мешаванд ва ҳамчун раҳнамои раванди ҷаҳонишавӣ бармад мекунанд-ин ҷавонон мебошанд. Онҳо қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта бархе аз онҳо аз сабаби дониши нокифояи диниву дунявӣ фирефтаи ҳилаву найранг ва иғвоангезии гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд.

Ҷавонон ояндаи миллатанд нерӯи созандаву бунёдкоронаи онҳо пояи устувории ҳар як миллату давлати соҳибистиқлолро инъикос намуда, барои рушду нумӯи он заминаҳову сарчашмаҳои бузургро фароҳам месозад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаматарафа ташаккулёбии мо ҷавонон шароит ва имкониятҳои зиёдеро фароҳам овардааст, ки тамоми донишу малака ва қобилияти хешро баҳри пешрафти ватани хеш сарф намоем, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва иғвоангез нагашта зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Мутахассиси пешбари шӯъбаи                                      Алиджонзода Г