сол нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро мегардад.
Имсол низ ҷавонони ноҳия нақшаи даъвати баҳоронаро аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ иҷро намуданд.
Имрӯз, 3 май дар Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия натиҷагирӣ карда шуд.
Бинобар пеш аз муҳлат аз аввалинҳо шуда иҷро намудани нақша раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Баҳодур Исмоил бо Сипосномаи фахрии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноатӣ - кишоварзии ноҳияи Шаҳристон " Саидализода Шаҳло бо медали ҷашнии 25- солагии таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши САҲШ-и ноҳия Бобоколон Барно бо Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини комиссари ҳарбии ноҳия лейтенанти калон Боймуродов Ҷасур, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳристон Кенҷаев Азамат ва нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат Каримов Абдуҳаким бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон қадршиносӣ гардиданд.