Сабабҳои паҳн гаштани зӯроварӣ дар оила.

Чоп

 

 

Худкушӣ – роҳи раҳоӣ намебошад

Кӯдакон – ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила рӯҳан азоб кашида, дар оянда агрессор ё ҳуқуқвайронкунанда мебошад.

Зӯроварӣ дар оила таъсири дурудароз ва манфӣ барои тамоми ҷомеа дорад, зеро оила – асоси ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Оқибатҳои зӯроварии ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё  иқтисодӣ ба таври манфӣ ба рафтори шахсоне, ки аз зӯроварӣ дар оила ҷабр диҳанд, таъсир мерасонад.

Чунин шахсон дар оянда дар рушди ҷомеа саҳмгузор буда наметавонанд.

Кӯдаконе, ки дар чунин оилаҳои носолим зиндагӣ мекунанд, маҷбур мешаванд аз муҳити мазкур гурезанд ва дар натиҷа, дар оянда қурбониҳои ҷиноятҳои шаҳвонӣ, истисмори меҳнатӣ ё бозича дар дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ шуда, ба ҷамъият зарарҳои вазнин мерасонад. Гарчанде, ки аксарияти ҷабрдидаҳои зӯроварӣ дар оила дар бораи азоби кашидаистдодаи худро аз зӯроварӣ дар оила дар муддати дароз боиси барҳам хӯрдани оила, бекор шудани ақди никоҳ ва боқӣ мондани хотираҳои даҳшатнок мегардад, ки дар сатҳи равонии аъзоёни оила, хусусан кӯдакон эҳсоси дарднокро нигоҳ медорад.

Таҳти мафҳуми «Мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила» фаъолият доир ба пешгирӣ, ошкор ва қатъ (бартараф) намудани зӯроварӣ дар оила фаҳмида мешавад.

Мудири бахши кор

бо занон ва оила                       Бойзоқова З.