Сабабҳои пайдоиши пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард: – сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ; – сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ; – моддӣ; – идеологӣ; – хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав; – ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ; – коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ; – хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ; – поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ; – дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ; – фаъолияти динимуболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва наёфтани ҷои аниқи корӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидан ба тақдири фарзандон, истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ,ба махфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем. Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзисулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.
Мутахассиси шуъбаи Агентии
меҳнат ва шуғ ли аҳолӣ
дар ноҳияи Шаҳристон Додобоев Н.