Биёед дур намеравем гумроҳону ватанфурӯшони мо низ дар ин самт балад шудаанду аз дур истода ба сари мардуми мо санги маломат мезананд. Ташкилотҳои ифротгаро тавонистанд бо пули кучаке зумрае аз ҷавонону бонувони кишварҳои ҷаҳонро ба доми худ кашанд. Дар ин масъалаи ногувор Тоҷикистон низ бетараф нест ва барои бартараф кардани амалҳои номатлуб ва ҳифзи аминати милии кишвар қарору қонунҳои назаррас ба имзо расидааст. Аз ҷумла Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шудааст, ки он низ барои пешгирии ифротгароӣ дар амал тадбиқ карда мешавад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ташкилотҳои динӣ, терористӣ ва ифротгароӣ манъ гардида, ҳамчун падидаи номатлуб шинохта мешавад.
Ҳар як инсони комил дар зиндагии худ бо ду роҳ рӯ ба рӯ мешавад ин ҳам яке роҳи созанда ва дигаре сӯзанда. Интихоб танҳо дар дасти ҳар як инсон ва ҳар як фикру ақидаи мукаммал аст. Боиси нигаронӣ аст, ки зумрае аз ҷавонони мо ба роҳи ношоям даст мезананд ва дар натиҷа интихоби нодуруст мекунанд. Ба ҷойи он ки аз зебоиҳои дунё лаззат баранд, ба ҷои он ки муваффақу комрон шаванд, умри худро ба бод медиҳанд.
Ҳангоми мутолиаи осори адиби ширинкаломи тоҷик Саъди Шерозӣ чашмам ба як мисра байти пурмуҳтавои адиб “Дар боғ лола рӯяду дар шӯразор хас” афтод. Каме ба таҳлука афтодам, ба фикр фурӯ рафтам ва маънии аслии ин мисраи диққатҷалбкунандаро ҷустам. Боз такрор ба такрор ҳамон роҳи фиребу найрангро пешакардагон ва нобут шудани ҳаёти гумроҳон аз хаёлотам зудуда намешуд. Шояд дар оилаи онҳо муҳит ҳамин гуна бошад, шояд дар як муҳити шӯразормонанд онҳо умр ба сар мебаранд. Саъдии бузургвор беҳуда нагуфтааст, ки боғ ҷойи беҳтарини зиндагонист, ки ҳамеша самаровар ва дар оғӯшаш офарандаву рӯёнандаи лолаҳост. Шӯразорро адиб ба парварандаи хасу хошок монанд мекунад, ки онҷо на зеб дораду на тароват.
Маҳз ин гумроҳии ҷавонони мо буд, ки онҳо ҳаёти худро ба дасти хоҷагони худ супориданд ва дар натиҷа кор ба ҷое расид, ки онҳо ба сӯйи давлату миллати худ ва ҳатто модари худ санги маломат занад. Агар мо тамоми олами ҳастии инсониро ба як китоб монанд кунем, аз ҳама саҳифаи хунину бадкирдортаринаш маҳз саҳифаи тероризму экстремизм аст. Онҳо танҳо дину диёнатро пеша карда, ҳамчун ниқоб хуни ҳазорон бегуноҳонро мерезонанд. Аслан онҳо низ лагандбардорони хоҷагони хориҷии худ мебошанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳанд расид. Имрӯз онҳо одамони бегуноҳро мекушанд, кӯдаконро ятиму бенаво мегардонанд, шумораи гурезагон ва дар ба дарон меафзояд, кишварҳои таърихии мусалмонон Ироқу Шом, Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо бо хун оғушта мегардонанд, аммо бо ҳамаи ин разолат ҳеҷ гоҳ ба онҳо эътимод нахоҳем кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавон аст, дар тӯли 30-соли пойдории Истиқлолияти давлатии худ аллакай ба мувафаққиятҳои беназир ноил гардидааст. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистони азиз бо мо ҷавонон ҷавонтар аст. Тамоми ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои ояндасозии мо аст. Мард бояд бошем ба хубӣ бо хубӣ бо садоқат ҷавоб гуфт. Эътимод ва боварии комил ба худ доштан маҳз аз ҳамин лаҳзаи ҳаётии мо шурӯ мешавад ва онро ба кадом самт равона кардан ба худи мо рабти ногусастани ҳам дорад. Дар ҳамин асно ду мисраи адиб хотирнишонам гардид:
Қиммати мард на ба симу зар аст,
Қиммати мард ба илму ҳунар аст.
Бо доштани чаҳор танга моли фаровон наметавон ояндаро сохт. Дар ин дунёи гузаргоҳ, ки он абадӣ нест ҳамачиз фано шаванда аст. Аммо номи хуб ва обрӯи нуфуздори инсонӣ аз ҳамачиз волотар аст. Маҳз илму ҳунар ва мероси гарони адабии инсон барои сохтани ояндаи дурахшон нақши ногусастаниро мегузорад. Умр мисли дарёи пурталотун ва пуртуғёнест. Медонед дарё боре ҳам дар он фикр нест, ки ба қафо по ниҳад. Самти ӯ ҳамеша ба пеш. Пас хонанда бар ин гап зеҳн бинмо, дурундеш бош, умри ту низ монанди дарё аст. Дарк бинмо магар дирӯзатро имрӯз барқарор карда тавонистӣ? Оё рӯзҳои сипари кардаатро дар ёфтӣ? Ҷавобатро фаҳмидам, ки на. Пас аз ин ҳам намеёбӣ, вале номи накӯ боқӣ гузоштан ҳам мардонагист. Арзандаи ин мамлакати осуда, озоду обод ва сариштаро бош. Ояндаи худро имрӯз соз, ки то пушаймон нашавӣ.
Ҳеҷ гоҳ мо ба умеди як роҳ набошем, ки он як роҳ ҳазорон роҳгузар дорад, ҳазорон пастиву баландӣ ва боз ҳамин андоза сахтиву қаҳтиро низ дорост. Пас дар охир гуфтаниям ояндаи худ дар дасти худи мост. Онро чӣ гуна роҳандозӣ намудан низ дар дасти худи мост. Ҳамачизро вақт нишон медиҳад, аммо мо вақтро интизор набошем, зеро вақт гузаранда ва фаношаванда аст. Мо ояндаи худро бояд имрӯз созем. Дар чунин мамлакати озоду осуда, ки ҳар лаҳза нури сафо нурафшон аст як ифтихор аст. Бовари сарвари мамлакат ин хушбахтии мост. Хонанда дарк намо, пас чаро мо ояндазозӣ ин миллату ин давлат набошем. Дурандеш бояд шуд, шукри ин хушбахтиҳоро карда арзандаи ин мамлакат шуд. Гӯед мо метавонем, албатта мо метавонем.
Шаҳзод Қаюмов, аъзои фаъоли ТҶ ФИҶТ дар ноҳияи Шаҳристон