П А Ё М И

Чоп

 

 

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар мамлакатамон барои намозгузорон тамоми шароит муҳайё буда, шаҳрвандон бо ҷонибдорӣ  аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар заминаи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ  ва милливу мазҳабии худ ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои маънавӣ  омада, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, қатлу ғоратро маҳкум менамоянд.

Амалӣ  намудани фазилатҳои хуби моҳи шарифи Рамазон, аз ҷумлаи эҳсону саховатмандӣ , дастгирии ятимону маъюбон, пиронсолону муҳтоҷ  он ва оилаҳои камбизоат ҳамчун кори ниҳоят хайр ва амали нек ба ҳукми анъана даромадааст.

Боиси қаноатмандист, ки ҳар сол соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва ҳамаи онҳое, ки зиндагии осуда доранд, дар рўзҳои ид ва дар дигар рўзҳо амалҳои хайру эҳсонро амалӣ  намуда истодаанд.

Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Иди шарифи Рамазон ба рўзҳое рост омада истодааст, ки мардуми шарафманди ҷумҳуриамон дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар баробари сокинони дигар минтақаҳои Тоҷикистон сокинони ноҳия низ азм доранд, ки ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гиранд.

Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми ноҳия чун тамоми сокинони мамлакатамон дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ , пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷ  агии халқ   ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Боварии комил дорам, ки бо кўшишу ғ айрат ва меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатдўсти ноҳия ин гўшаи Ватани азизамон боз ҳам ободу шукуфонтар мегардад.

Бо чунин ниятҳои нек, бо шукронаи соҳибистиқ  лолии Тоҷ  икистон ва таҳкими сулҳу ваҳдат фарорасии Иди саиди Рамазонро ба мардуми ноҳия муборакбод намуда, барояшон хонаи обод, ризқи фаровон, тансиҳатӣ  ва саодати рўзгорро орзу менамоям.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Навгонихо ( 12.05.2021 14:12 )