Мубориза алайҳи терроризму экстремизм

Чоп

Мубориза  алайҳи  терроризму    экстремизм

 

Мушкилоти экстремизм (ифрогароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст, ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст.

Неруҳои ҳарбӣ ва захираҳои молиявии созмонҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломи» босуръат афзоиш ёфта, онҳо имрӯз имкони муқовимат намудан бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто паймонҳои ҳарбӣ-сиёсии онҳоро пайдо карда истодаанд. Яке аз омилҳои пурқудратшавии ташкилотҳои террористӣ муттаҳидшавӣ ва аз навтақсимшавии созмонҳои террористӣ, ҳадаф интихоб кардани кишварҳои ҷангзада аз захираҳои табии бой буда, истифодаи моҳиронаи идеологияи динӣ ва албатта харобкориҳои калони  геополитикӣ маҳсуб меёбад.

Барои пешгирӣ намудани чунин равандҳои номатлуб бояд  дастаҷамъона кор намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия  намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле зиёд аст.

Ҷавонони мо ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ худро аз даст надиҳанд, бо давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳангӣ миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Китобдори китобхонаи марказӣ                        Д. Азимова