Шоири ширинкаломи тоҷик Камол Насрулло мегӯяд:
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост!
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост!
Оре, Истиқлол номусу шараф ва шаҳболи мост. Ҳар як суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми тоҷику тоҷикистониён роҳи бахту саодат, меҳру садоқат ва гираҳбикшодаи роз аст. Истиқлол ва озодӣ моро ба сӯйи қуллаҳои баланди орзуву омоламон ҳидоят мекунад. Соли равон низ тибқи анъанаи ҳарсола Паёми солонаи роҳбари мамлакат баҳри мо иро гардид. Мо каломи сарвари кишварро баҳри хеш ҳамчун як иди накӯном ва сарнавишти хуштолеъ мепиндорем. Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рушд карда, ба ҳадафҳои стратегии хеш зина ба зина ноил мегардад. Солҳои 2022-2006 дар кишварамон солҳои "Рушди саноат" эълон гардиданаш, дарак аз он медиҳад, ки мамлакати хуршедии мо ба қуллаҳои баланди рушду нумӯи ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ ноил мегардад.
Паёми Пешвои миллат барои тамоми кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дошта, он натанҳо аз назари мо, балки аз нигоҳи тамоми хориҷиён аҳамияти муҳимро касб кард. Зеро сиёсати кунунии Тоҷикистон барои тамоми кишварҳои чӣ Шарқу чӣ Ғарб боиси эътибори аввалиндара гардидааст, зеро кишвари мо дар феҳристи Созмони миллали Муттаҳид Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарини сайёра шуморида мешавад. Сол аз сол рушди сайёҳонк хориҷиён ба кишвари мо афзудааст. Таърихи беш аз 600- ҳазорсолаи мардуми мо оламгиру матаваҷҷеҳи оламиён гардидааст.
Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат комилан ва содиқан ҷавоб гӯем, омӯзем, касб ёд гирем, ояндаи худро устувор созем, кишвари азизамонро дар қитъаи олам муаррифӣ намоем. Забони нобу равони худро ҳифз кунем, таърихи худро донем, ба қавли устод Сотим Улуғзода "Халқи худро бишнос"(-ем). Ба қадри истиқлолу озодӣ бирасем. Пеш аз ҳама ба Пешвои бохиради хеш содиқона, орифона хидмат намоем.
Мутахассиси пешбари Бахши кор бо
ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳристон Шаҳзод Қаюмов