Арзиши тинҷиву оромӣ муқаддас аст

Чоп

 

 

Имрузҳо бошад таҳдиду амалҳои нохалафонаи террористон, як қатор гурӯҳҳои ифротгароӣ оромии кишвар ва тамоми ҷомеаи башарро вайрон карданианд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он оқибатҳои нохуш оварда, таҳдид ва зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, дигаргун кардани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, барангехтани низои миллӣ ва динӣ мебошад.

Ҳамаи мо имруз вазифадор ҳастем, ки аз ин гуна амалҳои нохалафонаи ин гуна ашхосон бетарафӣ накарда, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.

Ҷавонони ояндасозро дар роҳи ватандӯстӣ, хайрхоҳию шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари азизамон тарбия бояд кард.

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва

таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

ноҳияи Шаҳристон   Муллоева Матлуба