Инчунин соли мазкур низ дар Паёми Асосгузори сулҳу ва ҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷуиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маъориф таваҷҷуҳи беандоза зоҳир гардид. Ҳар як кормандони соҳаи маорифро, аз ҷумла омўзгорни мактабҳои олии касбӣ , миёнаи касбӣ ва омўзгорони муассисаҳоро низ водор сохтанд, ки бешубҳа дар дили онҳо меҳру муҳаббат ба касби худ аз нав эҳё гардид.
Воқеан, эълон шудани пай дар пайи озмунҳо дар соҳаи маориф далели суханҳои мо мебошад.
Аз он ҷумла, бевосита ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва бо ташаббуси арзишманди раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, инчунин ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, сохтмонҳ ои бинои нави МТМУ №19 ба номи М.Шоназаров дар деҳаи Ободӣ (бинои кўҳна дар ҳолати садамавӣ қарор дошт) барои 384 хонанда, сохтмон идома дорад.
Бинои муассиса аз се ошёна иборат буда, толори варзишӣ , толори фарҳангӣ , китобхона бо ошхона барои 122 хонанда, бинои алоҳидаи таъмини гармкунии тамоми муассиса дар назар дошта шудааст. Айни ҳол сохтмон босуръат идома ёфта истодааст. Ба ифтихори 30-солагии ҷашни Истиқ лолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми деҳаи Ободӣ бо заҳматҳ ои беминнати худ, кўчаву маҳ алла, хонаю ҳавлиҳои худро ободу зебо гардонида истодаанд.
Ин ҳама талошҳо, ҳама лутфу эҳ сону дастовардҳ о барои беҳтар намудани зисту зиндагонии мардуми деҳа аст. Фарзандони деҳа ҳамеша ба хизмати мардум омода аст.
Зеро устод Лоҳутӣ гуфтаанд:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ ,
Ки имрўз чӣ хизмат ба мардум кардӣ .
Маҳз ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатамон дар рўзҳои наздик деҳаи Ободӣ чун ба шаҳраки зебо табдил хоҳад ёфт.
Мардуми шарафманди деҳаи Ободӣ баҳри ободу зебо гардонидани деҳ аи худ саҳми шоистаи худро гузошта, бо дастовардҳои бузург ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ватани маҳбубамонро истиқбол мегаранд.
Зи мардум дигаре зўру тавоно нест,
Вале роҳ намои мардум роҳи равшангари ўст.
Зи мардум дигаре чораву тадбир нест,
Вале Пешвои ў аз хушбахтии ўст.
Зеро тадбирҳ ои нек афзун шаваду, мардум бо амалҳ ои шоистаи худ маҳ буб шавад.
Мавҷуда Умарқ улова,
омў згори МТМУ №19