Дар маҷмўъ сабабҳо ва заминаҳои ҷараёнҳои экстремистӣ, аз ҷумла шакли мураккабтарини он –экстремизми сиёсиро тарзи ҳаёти одамон ва муносибатҳои сиёсии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Омилҳои зиёде заминаи ба амалҳои канора, зўрии висмонӣ ва радикалӣ даст задани ашхоси гуногун ва неруҳои сиёсӣ мегарданд. Яъне шароити бади зиндагӣ, гурўснагӣ, қашшоқӣ, ноумедии омма ба оянда ва омилҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ бештар дар ташаккули ҷараёнҳои ифротӣ саҳм мегиранд. Инкишофи бўҳронии ҷомеа ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири манфӣ мерасонад, одамонро ноумедиҳо фаро мегиранд ва омма аз мақоми иҷтимоии хеш бенасиб гашта, дар низоми навин ҷойи сазовор пайдо карда наметавонанд, ҳокимияти сиёсӣ фалаҷ мегардад, ки дар заминаи он арзишҳои маънавию ахлоуӣ ва сиёсӣ ҷомеа иваз мегарданд, ки таҳаввулоти мафкуравӣ ба амал меояд, ки муддати тўлонӣ дар ҳолати нокомӣ зистан ба одамон таъсир мерасонад, ки одамон дар асоси дарки манфиатҳои ҷомеа ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагӣ, рўзгори хуби майишӣ ва ғ даст ба амалҳои иртивоӣ месозанд.
Он ҷиҳатро ба эътибор бояд гирифт, ки мафҳумҳои навъи мазкурро дар маънои гуногуну мухталиф истифода менамоянд. Масалан, дар як ҳолат истифодаи мафҳуми «экстремизми»- ро метавон ҳам дар маънои манфӣ ва ҳам дар маънои мусбат мушоҳида намуд. Дар маънои мусбат мафҳуми «экстремизм» - ро дар бештари ҳолатҳо худи намояндагони нерўҳои сиёсии марбути он истифода менамоянд. Масалан, дар яке аз муносибатҳояшон собиқ президенти Ҷумҳурии исломии Эрон А. Ҷумайнӣ бо мухбири ҷурнали «Ал- Алам» изҳор намуда буд, ки вай далелро дар бораи он ки Ҷумҳурии исломии Эрон «қисмати экстремизстии ҳаракати ҷаҳонии исломро» муаррифӣ менамоянд, рад намекунанд. Зеро «давлатњои бузург ва махсусан Ғарб бо шариконаш террористони аз ҳама бузурганд» ва ба муқобили онҳо фауат бо методҳои худи онҳо мубориза бурдан мумкин аст. «Мо чунин меҳисобем, ки фауат ҳаракатҳои экстремистӣ қобилиятӣ мууобилият ба деспотизм сиёҳи давлатҳои бузурги ҷаҳониро доранд ва ба он муваффау мешаванд. Аз ин хотир натанҳо муносибати экстремистии худро ба деспотизми глобалӣ инкор наменамойем, балки онро эътироф намуда, аз он ифтихор дорем» .
Ҷамолов Б.И.