Падидаҳои номатлуби замон

Чоп

 

 

Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама шиорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

Мо ба наврвсону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем тамоми кӯшишҳоро ба ҳарҷ диҳем, то ки ватани худро аз дасти душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву некӯкорист.

Дар ҳақиқат терроризм пидидаи номатлуби замони муосир буда фаҳмиши он дар содир кардани ҷинояти вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, гаравгони гирифтани одамон, тарконидани  иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад хислати ҷудоихоҳӣ, иифротгарои ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилот хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар аст.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунар и муосир, ҷиддияту меҳнатдӯсти ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони  сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда аниқ дарк наоянд, ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоаи нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он сарвароне мебошанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи вай бахшидаанд. Хидмати бузурги ин Сарвари беҳамто дар замони истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқароргузории сулҳ мустаҳкам намудани шохаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегӣ ва амсоли инҳо беназир буда, сиёсати пешгирифтаи он кас ба тарбияи ватандӯстию хештаншиносии маънавию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ илмӣ ҳаёти солим ва ғайр басо нақши муҳим бозидааст.

Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони имрӯзи кишвар дарси ҳаёт ифтихор в адӯст доштани ватанро талқин намуда, намунаи ибрати мардонагӣ, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгарӣ мебошад.Дар ин раванд муарриф ва тарғиби асарҳои эшон барои азхуд намудани таърихи гузаштаву имрӯза дарку ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт ва ояндабинии давлату миллат мусои дат менамояд.Аз ин лиҳоз метавон оид ба нақшаи бузурги Сарвари кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тарғиби дастовардҳои нодири он ба якчанд нуқтаҳои муҳим такъя намуд, ки саргузашти дирӯзу имрӯзи кишвар ба ояндабинӣ ва созмон додани корҳои бузурги замони аср ба тарбияи ҷавонони мамлакат бетаъсир нахоҳад монд.

Худованд бар сари халқи Тоҷикистони ҷавон Сарвареро ҳадя сохт, ки мақсаду мааром ва давъати асосиву доимиашон дар ҳамаи давру замон танҳо ваҳдату ягонагӣ буда, тавонистанд барои сарҷамъи мардуми парешони халқи тоҷик муборизаи беамон баранд ва ин васила ба сӯи муваффақиятҳо соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳ кушоянд. Зеро дар ҳар давлате, ки сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ поӣдор бошад он кишвар рӯй ба рушд мениҳад.

Имрӯз хушбахтона Тоҷикистонро беш аз 190 давлати мутариққииҷаҳон мешиносанд, истиқлолияти давлатии кишвари моро расман эътироф кардаанд ва робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд. Пешвои миллат имрӯз ҳамчун рамзи саодату сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ, раҳнамои  беамсоли фардои ободи миллату давлат ҷойгоҳи хоса доранд ва қарзи ватандории мост, ки дар пайравии ин фарди наҷиб амалҳоеро ба роҳ монем, ки Тоҷикистон ба кишвари пешрафти ҷаҳон табдил ёбад.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи раиси ноҳия                                    Муҳиддинов Б.