Истиқлолият неъмати бебаҳо

Чоп

 

 

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ватани азизамон рӯз аз рӯз гул-гул шукуфта истодааст, ки албатта сабабгори ҳамаи ин ободиву зебоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо маҳз бо ташаббуси ватанпарваронаи он шахс ба Истиқлоли давлатӣ соҳиб шудем. Мо ҷавонони хушбахти замон шукрона аз он мекунем, ки имрӯзҳо дар чунин ватани ободу зебо, осоишта ва сулҳу субот зиндагонӣ карда истодаем ва шукургузори он ҳастем, ки имрӯз барои ҷавонон шароитҳои хеле муфид фароҳам карда шудааст, ки мо дар мактабҳои замонави бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон аз ҷумла компютерҳо, доскаҳои электронӣ, китобҳои электрони ва ғаӣраҳо истифода намуда аз илмҳои замони худ бохабар шуда онҳоро аз худ карда истодаем.

Истиқлоли давлати дар байни халқу

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Дар ҳақиқат Истиқлол неъмати бебаҳо аст. Бо шунидани калимаи Истиқлол сулҳу дӯстӣ, оромиву осудагиро пеши чашм меорем. Мардуми мо, тоҷикон ин ҷашни пуршукӯҳро ҳар сол бо тантана ҷашн мегиранд. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри сол 1991 қабул карда шудааст. Ҷашни Истиқлол яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳу шаҳомат ба шумор меравад. Пеш аз қабул гардидани рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик хурсандиву осудагиро намедонистанд, вале баъд аз қабул гардидани ҷашни Истиқлол тинҷиву ороми ҳукумрон буд, кӯдакон дар кӯчаҳо бо хандаю хурсанди бо ҳам бози мекарданд ва лабони одамон ҳамеша пур ханда гашта буд. Аз соли 1991 ин ҷониб мардуми мо 9-сентябрро, ки Рӯзи Истиқлол қабул гардида буд, ҷашн мегиранд. Истиқлол дар ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон низ аҳамияти калон дорад, зеро онҳо метавонанд озодона ба кӯчаҳо бароянд ,ба китобхонаҳо раванд, дар мактабҳои дилхоҳи худ таҳсил намоянд Онҳоро ҳеҷ касс маҷбур намекунад, ки дар хона бишинанд ё ин, ки дар мактаб таҳсил накунанд. Аз ин сабаб Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҷашн гирифта мешавад дар замони Истиқлол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон Тоҷикистон бисёр мактабҳо, китобхонаҳо ва дигар биноҳо бунёд карда истодааст. Пешвои миллат ҳамарӯза кӯшиш мекунанд, ки шумораи чунин биноҳоро зиёд намоянд, то ин ки барои наврасону ҷавонон ҳамаи шароитҳо барои таҳсил кардан муҳаё гардад. Мо низ чун ҷавонони хушбахти даврони Истиқлол кӯшиш кунем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ояндаи худро равшан намоем ва парчами ватани азизамон Тоҷикистонро ҳамеша боло бардорем.

ГУЛСАНАМИ ЗАРИФҶОН