Ислом ва ифротгароён

Чоп

Ислом ва ифротгароён

 

Ислом дар байни дигар динҳо яке аз дине мебошад, ки аз замони зуҳураш то ба имрӯз дар таълиму тарбия, маърифатнокии ҳаёти ҷомеа, ахлоқи хонаводагӣ, тарбияи дурусти фарзанд, ростгӯйиву росткорӣ, ҳақиқатҷӯйиву ҳифзи Ватан  ва зиндагии шоиста саҳми боризе гузошта, дар тамаддуни халқҳои гуногуни Машриқзамин ҷойгоҳи махсусеро касб кардааст.

Мутаассифона,бархе гуруҳҳои ифротгарое ҳастанд, ки дини исломро ғаразнок маънидод намуда, дар чашму фаҳмиши мардуми мусулмон ва ғайримусулмон нодуруст ва шубҳанок нишон  медиҳанд.

Ин зумра ашхоси иғвоангез аз номи дини мубини ислом истифода карда ҳадафҳои муғризонаи худ ва хоҷагони худро пайгирӣ менамоянд. Инчунин ҷавонони ноогоҳу берун аз  маърифати комили диниро ба худ ҷалб намуда, дар амалҳои манфурашон истифода менамоянд.

Аз ин хотир мо ҷавононро мебояд, ки ҳушёрии сиёсӣ, ҳуввияти миллӣ ва анъаноти тоҷиконаи худро дуруст дарк карда ба муқобили чунин гурӯҳҳо мубориза барем.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                        Алиҷонзода Г Ф