Тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа

Чоп

 

 

Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баромаданашон дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, 13 апрели соли 2000 дар шаҳри Вена (Австрия) таъкид намуда буданд, ки “Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст

Яке аз қисматҳои асосии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар доир гардид масъалаи Тероризму Ифродгарои ба ҳисоб рафта, таъкид намуднд, ки «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои нави ҷанги сард боиси нигарони гардидааст, дар ин давра зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии терористон ва ифротгароён қарор гирифт» Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Ифротгароӣ ва тероризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст.

Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Дар адабиётхои ҳукуки якчанд намудҳои терроризмро пешниҳод намудааст:

• терроризми мухолифони давлат, терроризми давлатӣ, терроризм чун самти сиёсати сатҳи давлатӣ;

• терроризми фардӣ, -нисбати шахси муайян;

• терроризми оммавӣ – нисбати шахсони ногаҳонӣ;

• терроризми ҷиноятӣ.

Тероризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терористи зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.

 

Омӯзгори МТМУ№8:                    Бердиқулов Р