Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кафили рушди сиёсати давлатии ҷавонон

Чоп

 

 

Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд иброз намуд:  «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи милатанд вам о ба онҳо боварии калон дорем». Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо боз ҳам баланд бардоштани мақомашон дар ҳаёти умумии ҷомеа ман ба наздики ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат кардам, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағирот ворид намуда, 23-уми майро Рӯзи ҷавонони Т оҷикистон эълон намоянд. Аз ҳамин муроҷиат инҷониб дар саросари кишвар ба сифати «Ҳафтаи ҷавонон», «Даҳаи ҷавонӣ» ё моҳонаи ҷавонон таҷлил гирифта мешаванд.

Санаи 20 январи соли 2016 дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор дорем». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-январи соли 2016).

Санаи 08-сентябри соли 2016 зимни суханрониашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қайд намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавону ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони то 30 сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин мо аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқарар намудем.

Имрӯз шумораи ҷавонони то 35 сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад»

Дастгириҳои дар баромадашон қайд намудаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ин қатрае аз оби баҳр буда, барои ояндаи ҷавонон аз ҷониби он кас ғамхориҳои зиёде роҳандози када мешаванд:

Маҳз бо ташабус ва ғамхориҳои Пешвои миллатамон ҷавонон банерӯи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтанд. Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон ба масъалаи зиракии сиёсии ҷавонон таваҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Ва ба ҷавонон муроҷиат намуда таъкид менамоянд, ки «Зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро ситқан дуст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу ҳифзу эҳтиёт кунем». (Паёми Суғд.№3-2017,саҳ.68) Воқеан ҳам, ҷавонон як қишри осебпазири ҷомеа буда, метавонандфирефтаи ҳар гуна дасисаҳо гарданд, бинобарин, яке аз омилҳои наҷоти ҷавонон аз ҳар гуна дасисаю иғвоҳо ин баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон мебошад. Зеро эҳсосҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тоқатпазирӣ, таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба зиракии сиёсӣ вобаста аст.

Хушбахтона, имрӯз ҳангоми тахлияву барномасозии сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати ҷумҳурӣ ин масъалаҳоро ба назар гирифта барои расидан ба ҳадафи сиёсати ҷавонон тамоми шароитҳоро давра ба давра фароҳам овардаистодааст.

Маҳз барои расидан ба ҳадафи асоси сиёсати давлатии ҷавонон бо иқдоми Пешвои миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид.

Ҳамин тавр, татбиқи чорабиниҳои «Соли ҷавонон» ва таҳким бахшидан ба сиёсати давлатии ҷавонон, ҷавонони кишвар ба як нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат табдилхоҳад дод.