Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ

Чоп

 

 

Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, таҳдидҳоро ба миён оварда, бехатарию субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён  барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухӯрдҳои мусаллаҳонаро  амалӣ мекунанд. Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидаён ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани бархе аз ҷавонон, алалхусус  ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро, маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонад. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву  ватандӯстӣ  тарбия  намоем. Ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки  аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад. Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Хулоса, тарбияи як насли босавод, ки ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст, ҷавоб ба бозиҳои нави ҷаҳонист.

Воқеан, имрӯз ҳодисаҳои мудҳише, ки аз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванд, боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегарданд, водор мекунад, ки барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ ҷаҳду талош бояд кард. Зеро то ҷамъият аз ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстиаш боло нагирад, мубориза бо терроризму ифротгароиву вайронкорӣ натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти миллӣ эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд.

Мувофиқи нишондодҳо дар натиҷаи истифода аз дин ва озодиҳои динӣ тадриҷан зиёдшавии экстремизми исломӣ ба назар мерасад. Ифротгароёну террористон, ки бо шиорҳои динӣ по ба майдони сиёсат гузоштаанд, аз ҳама беш мафкураи ҷавононро ба нишон гирифтаанд. Зеро медонанд, ки ҷавонон дар ҳар ҷомеа нерӯи асосӣ ва имрӯзу ояндаи давлат ба шумор мераванд.

Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёде сохта шудаанд. Уламои динро лозим аст, ки шукри инро ба ҷо оварда, дар баромадҳои худ бештар оид ба ватандӯстию инсондӯстӣ сухан кунанд.

Барои баҳои холисона додан, инсон бояд воқеъбин ва боинсоф боғад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин мегӯяд:

Ҳазор сол роҳ аст аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ

Бояд донист, ки нафарони ба гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.

Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.

Назҳат ва назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён мегардад ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст медиҳанд. Ин аст, ки ба таърифу тавсифхои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад мекашанд.

Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гурӯҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гурӯҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Ифроггароён то куҷо дар ин кори зишт муваффақ мешаванд, вақт нишон медиҳад, аммо набояд фаромӯш кард, ки наҳзат чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз дар мағшуш сохтани насли ва сӯи бегонашавӣ ва аҷнабигароӣ раҳнамун намудани онон «нақши калидӣ» дошту дорад.

Бо вуҷуди ин доимо риёкорона иброз медорад, ки бо рафтани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ интиқод аз байн рафт ва наҳзатчиён худро «қаҳрамон» дар майдони сиёсиию фарҳангии ҷумҳурӣ талқин мекунанд, бехабар аз он ки:

Қаҳрамонӣ худситоӣ нест, ай даъвипараст,

Худситоиву риёкорӣ бувад асли шикаст.