Ҷавонон неруи созандаи бузурги миллату давлатанд

Чоп

 

 

Дар ҷаҳони муосир ру овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии оно яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд.

Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Яке аз афзалиятҳои умдаи фарҳанги давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷўҳи хос ба дурнамои ҳаёти кишвар ва ҳастии миллат аст, ки дар тарҳандозии тарбияти фикриву ахлоқии ҷомеа таҳияи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҷадуди умури идори нақши рашан гузоштааст. Тасодуф нест, ки аз ибтидои солҳои 90-уми асри  гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳама ибтикорот ва тасмимгириҳои худ руҷҳон намудааст. Ҳанўз соли 1993 аввалин вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамчун мулоқоти Раиси Шўрои Олӣ бо намояндагони ҷавонони мамлакат баргузор гардид, ҳосили ин суҳбати грму самимона таъйини ҷавонони болаёқат ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ, сар парастии ҷавонон, ва ғамхориҳо нисбат ба ин табақаи ояндасози ҷомеа маҳсуб мешавад.

Бо шарофати хирадмандонаи Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат афзун гардид. Бо на зардошти нуфуз ва мақоми ҷавонон дар ҷомеаи кишвар дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» Президенти мамлакат кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод, ки баъдан аз тариқи ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои бахши ҷавонон ва нақши онҳо дар ташаккули варзиш ва саёҳӣ дар мамлакат ин ниҳод ба мақоми давлатии муттаҳидкунандаи ҳар се самтҳои мазкур табдил ёфта, унвони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш

ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.

Маҳз дар заминаи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-майи соли 1998- 23-май Рўзи ҷавонои Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб 23-май ба таври расмӣ ҳамчун Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо танатан ҷашн гирифта мешавад, ки аз ин мавқеъ ва мақоми хоса доштни ҷавонон дарак медиҳад.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон дар ҳаёти ҷавонон боз як руйдоди муҳим ба вуқуъ омад, ки ин ҳам  бошад ба фаъолият оғоз намудани маркази ҷавонон мебошад.

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчнин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хидмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истода анд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.     Дастовардҳои варзишӣ ва сайёҳии кишвар тайи солҳои охир собит намуданд, ки ҷавонони мо фарҳанги сулҳу дўстӣ, табиати биҳиштосо ва иқтидору имкониятҳои кишвари худро барои ҷаҳониён ба таври шоиставу арзанда муаррифӣ карда метавонанд.

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.

Дар Паёми Президента Ҷумҳурин Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастй мебошад.».

Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии чавонон аз нуқтаи назари сиёсй ва ичтимоӣ аҳамияти калон дорад.

Боиси ифтихор аст, ки имрўз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад. Барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тули солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи баӣналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”, грантхои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои чамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти  ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар давоми солхои истиқлолият барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои  зарурӣ меандешад.

Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии мутахассисони ҷавон бо қарорҳои дахлдори худ, аз ҷумла доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок барои бунёди манзил ва таъсиси хоҷагии ёрирасон як қатор имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намудааст.Аӣни замон дар маҳалҳо Барномаи дастгирии оилаҳои чавон барои таъмин бо манзил амал менамояд. Вобаста ба татбиқи барномаи мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе маҷмааи манзилии ҷавонон иборат аз 8 хонаи нуҳошёна сохта, ба истифода дода шуд. Бо мақсади дастгирии оилаҳои чавон ва ҷудо намудани қитъаои замин барои сохтмони манзил қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 маӣи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омузгорони ҷавон» қабул гардид, ки ҳазорон оилаҳои ҷавон аз он баҳравар гардиданд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ 131 хазор гектар замин ба шаҳрвандони эхтиёҷманд ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шудааст. Дар маҷмуъ, зиёда аз як миллиону 240 ҳазор оила бо қитъаҳои замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардидаанд, ки 870 ҳазори онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ба хотири танзими муносибатҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла бо тақозои воқеияти руз ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон зарурате ба миён омадааст, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз,

рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд буда, вориси таърихӣ ва фарҳангӣ бошанд.

Суботи сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад. Сиёсати давлатии ҷавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионӣ ва истеҳсолӣ буда, нерӯи меҳнатӣ ва эчодии ҷавононро инъикос менамояд.

Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатхо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.