Имрӯз бошад чӣ хеле мебинем дар даврони Итиқлолият ҳамаи шароитҳо дастрас карда шудаанд. Бо азму талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз замони зуҳури Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати демократиӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ кулли кишварҳои ҷаҳон эътироф намуданд.
Аз ин рӯ мо ҷавонон кӯшиш намоем, ки чунин неъмати бебаҳоро аз даст надиҳем. Имрӯз барои мо ҷавонон ҳар намуд озмунҳо ташкил карда истодаанду барои мо ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бояд аз ҳамаи ин имкониятҳо истифода бурда, барои рушду шукуфоии кишварамон саҳми арзанда гузорем.
Мо хушбахтарин ҷавонони дунё ҳастем, зеро мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва аз ободиву суботи кишвар шукргузорем!!
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамагон муборак бошад!!
Содиқова Гулсанам,
гирандаи стипендияи
Раиси ноҳияи Шаҳристон