Дин ва мазҳаби дин имрӯзҳо барои ташкили гурӯҳҳои нопоку ивғоангез такягоҳе шудааст, ки аз он истифода бурда, ҳар гуна равияҳои номатлубу корҳои ноҷоро ба анҷом мерасонанд. Агар аъзои гурӯҳи ТТЭ ҲНИ ватандӯсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати давлати худ фаъолият мебурданд. Вале, сад афсӯс, ки аъзои ин гурӯҳи ифротгаро ба ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб ҳамроҳ шуда, даст ба ҷиноят мезананд. Амалҳои ноҷои ин хоинон хатарҳову таҳдитҳои нав ба навро баҳри ҷомеаи мамлакат ба ҷо овардан мебошад ва мехоҳанд, тинҷиву оромиро халалдор созанд.
Мо бояд барои ҳифзи сулҳу суботи давлатамон, ҷомеаи солими Тоҷикистон кӯшиш намоем. Ҳамеша аҳли ҷамъият, бахусус насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят созем, то ки ба ҳар гуна равияву гурӯҳҳои номатлуб ҳамроҳ гашта, ҳаёти худ ва аҳли хонадонашонро ба хатар нагузоранд. Ҳаёт ба касе дуюм маротиба такрор намешавад, ки мо хатогии худро ислоҳ намоем. Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул-гулшукуфии диёри хеш меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза барем.
Корманди махзани пуркуни Мӯминова Р.